ҳошия — [حاشيه] 1. канори ҳар чиз, канори саҳифаҳои китоб, ки қайду шарҳ навиштан мумкин бошад 2. шарҳ доир ба матн ё оид ба тафсири ягон китоб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дафнук — [دفنوک] кит. зинпӯши асп, ғошия … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
домана — I [دامنه] он чи монанди доман аст, канора, ҳошия: доманаи дашт, доманаи беша; доманаи кӯҳ қисми поёни кӯҳ, ки то замини тахт тӯл мекашад, кӯҳдоман II [دامنه] тиб. бемории гузарандаи арақӣ, ҳасба, тиф … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
зеҳ — I [زه] 1. шероза, зеҳак, ки дар канор ва ё даври ҷома, тӯппӣ ва ғ. дӯхта мешавад; мағзии кӯрпа; канора, ҳошия 2. ресмони камон, чиллаи камон; камон зеҳ кардан а) торро ба камон бастан; б) омода кардани камон ба тирандозӣ II [زه] кит. зоиш,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лаблӯла — [لب لوله] ҳошия, зеҳ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
матн — [متن] а. чизи навишташуда, навиштаи аслии китоб, рисола ва ғ. (ба истиснои ҳошия ва шарҳ): матни адабӣ, матни маърӯза, матни танқидӣ // матни интиқодӣ матни асаре, ки бо муқоиса, тадқиқ ва ба эътибор гирифтани фарқи дастнавис ва нусхаҳои мавҷуди… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
матнхонӣ — [متن خواني] кит. дар усули таълими мадрасаи кӯҳна хондани маводи аслии китобҳои дарсӣ бе шарҳ ва ҳошияҳои зиёди ба онҳо навишташуда, ки вақти зиёдеро мегирифт … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
муҳашшо — [محشّي // محشّا] а. кит. ҳошияи навишташуда, ҳошиядор (оид ба китоб); ба воситаи ҳошия шарҳёфта … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
поварақ — [پاورق] 1. калимаи аввали саҳифаи дуюм, ки барои мураттаб омадани варақаҳо дар охири саҳифаи якум навишта мешавад 2. эзоҳи ба матни асосӣ дахлдор, ки дар поёни саҳифаи китоб зикр мешавад; ҳошия … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фаровез — [فراويز] 1. ҳиҷоби либос, пардаи либос, аз миён пойини курта 2. маҷ. шарму ҳаё, шахси бефаровез бешарму ҳаё 3. ҳошия, канора, зеҳе, ки ба бар ва домани ҷома дӯхта мешавад; даҳони бефаровез пургӯӣ, бемулоҳиза сухан гуфтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ